Суғуртаи наклиёти автомобилии гражданӣ, ки имкон медиҳад тамоми хароҷоти таъмири мошинҳо вобаста ба тарифи суғуртаи интихобшуда, пушонда шавад. КАСКО аз ширкати «Спитамен Иншуренс» як маҳсулоти нодири суғуртаи автомобил дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ, бартариҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Иштироки БДА ҳатмӣ нест;
2. Миқдори дархостҳо маҳдудият надоранд;
3. Пас аз пешниҳоди тамоми чекҳои таъмир, пардохт дар давоми 59 дақиқа анҷом дода мешавад;
4. Хизматрасонии мошини эвакуаторӣ, бепул;
5. Пардохти то 150 сомонӣ барои харҷи хизматрасонии такси.
Мақсади ин намуди суғурта таъмини ҳифзи суғуртаи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, берун аз кишвари истиқоматии доимӣ мебошад. Ин як намуди ҳамаҷонибаи суғурта мебошад, ки унсурҳои суғуртаи шахсӣ, амвол ва масъулиятро дар бар мегирад.
Ба ғайр аз суғуртаи хароҷоти табобатӣ дар хориҷа ин намуди суғурта метавонад суғуртаи ҷодисаҷои нохуш, суғуртаи бағоҷ, суғуртаи масъулияти гражданӣ дар мамлакати истиқомат ва дигар хароҷотҳоро дар бар мегирад.
Суғуртаи таҷҳизоти мобилӣ – навтарин намуди суғуртаи хурд, ки монанди надорад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Арзиши паст, зуд мукаммал кардани полис ва шартномаи суғурта ба мизоҷонамон имконият медиҳад, ки хизматрасониҳои замонавии суғуртаро истифода баранд.
Фарқ надорад, ки шумо соҳиби молу мулк ҳастед ё иҷора мегиред, ҳолатҳои ғайричашмдоштӣ (масалан, зарар ё талафот) вобаста ба молу мулк, хона ё ҳуҷра, одатан зарари молиявӣ ва эмотсионалӣ мерасонад.
Суғуртаи амволи ғайриманқул ба соҳибмулк дар ҳолати обхезӣ, сухтор, дуздӣ ва дигар ғайричашмдоштҳо, дастгирии молиявиро мерасонад.
Барномаҳои суғуртаи ихтиёрии ҳаёт ва саломатӣ аз ҳодисаҳои нохуш (ҲН) тамоми ҳодисаҳои нухшро дар бар мегиранд, ки дар натиҷаи ҲН ба амал омадаанд: марг, маъюбӣ, осеби ҷисмонӣ (ҷароҳат).
Хавфҳои иловагӣ низ вуҷуд доранд: ҷарроҳӣ, бистарӣ шудан, осебпазирии муваққатии саломатӣ дар натиҷаи сироят.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Истаравшан 18