EN   |   RU

ШӮРОИ НОЗИРОН

Хусейнова Дилбар Каримджановна

Раиси Шӯрои нозирони ҶДММ ТСА «Спитамен Иншуренс»

Соли 1995 мактаби миёнаи №55 – и шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Соли 1999 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо дипломи сурх бо ихтисоси «Молия ва қарз» хатм кардааст.

Соли 1999 ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дохил шуда, соли 2002 онро бо муваффақият хатм намудааст.

Соли 2003 ба шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ дохил шуда, соли 2005 онро бо дипломи сурх хатм кардааст.

Соли 2004 рисолаи илмиро ҳимоя карда, унвони номзади илми иқтисодиро соҳиб шудааст.

Собиқаи корӣ

Солҳои 2007 – 2011 – Сардори Шуъбаи муносибатҳои муросилотӣ, Сардори идораи хавфҳо дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон».

Солҳои 2011 – 2016 – муовин, муовини якуми Раиси Раёсати ҶСП ТАҚХ «Спитамен Капитал», муовини якуми Раиси Раёсати ҶСП «Спитамен Бонк»; директори филиали ҶСП «Спитамен Бонк».

Солҳои 2016 – 2017 – муовини якуми Раиси Раёсат, Раиси Раёсати ҶДММ ТАҚХ «Фардо».

Солҳои 2017 – 2024 – Сардори Идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон.

Моҳи октябри соли 2024 аъзои Шӯрои нозирони ҶСП «Спитамен Бонк» интихоб шудааст.

Моҳи октябри соли 2024 Раиси Шӯрои нозирони ҶДММ ТСА «Спитамен Иншуренс» интихоб шудааст.  

Хамидова Санобар Абдуллаевна

Аъзои Шӯрои нозирони ҶДММ ТСА «Спитамен Иншуренс»

Солҳои 1972 – 1977 – Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленин. Факултет: иқтисодӣ. Ихтисос: иқтисодчӣ.

Соли 1995 – Гранти Ҳукумати ИМА, Донишгоҳи Миссурӣ – шаҳри Канзас, Донишгоҳи Линколн, шаҳри Ҷефферсон, иёлоти Миссурӣ.

Соли 1998 – Давлати Ҷопон, Хоккайдо. Бюрои тиҷорат ва саноати хориҷии Хоккайдо. Маркази байналмилалии рушд.

Соли 1999 – Ҷумҳурии Кипр. Коллеҷи олии «Филипс».

Собиқаи корӣ

Солҳои 1977 – 1981 – Иқтисодчии шуъбаи молияи Кумитаи иҷроияи шаҳри Турсунзода.

Солҳои 1981 – 1990 – Сардори шуъбаи нақшакашии Заводи чинӣ.

Солҳои 1990 – 1991 – Муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Турсунзода.

Солҳои 1991 – 1993 – Сардори шуъбаи иқтисод ва меҳнати Заводи фарфор.

Солҳои 1993 – 1996 – Сардори шуъбаи нақшавию иқтисодии Заводи алюминийи Тоҷикистон.Солҳои Солҳои 1996 – 2000 – Муовини директори иқтисод ва молияи Заводи алюминийи Тоҷикистон.

Солҳои 2000 – 2005 – Раиси Кумитаи иқтисод, буҷет, молия ва андозҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ.

2005 – 2013 – Раиси Хадамоти давлатии назорати суғуртавии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2013 – 2016 – Раиси Шӯрои мушоҳидакорони ҶСДММ «Спитамен Суғурта».

Соли 2016 то инҷониб – Аъзои Шӯрои нозирони ҶДММ ТСА «Спитамен Иншуренс»

Дастовардҳо

Соли 2013 – Ордени «Шараф» (дараҷаи 2).

Соли 2011 – Нишони фахрии «Молияичии шоистаи ҶТ», Ифтихорномаҳои фахрии Ҳукумат ва Ассамблеяи байнипарламентӣ.

Соли 2005 – Нашри маҷмӯаи қонунгузории иқтисодӣ.

Амзалиев Рауф Шералиевич

Аъзои Шӯрои нозирони ҶДММ ТСА «Спитамен Иншуренс»

Соли 1999 – мактаби миёнаи №43 – и шаҳри Душанберо хатм кардааст.

1999 – 2004 – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Дипломи мутахассис, Иқтисодиёти ҷаҳон

2012 – 2013 – Маркази САҲА дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Гурҷистон, таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ

2012 – 2014 – Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек, дараҷаи магистр, Идоракунии иқтисодӣ ва рушд

2018 – 2020 – Мактаби олии иқтисоди шаҳри Москва, дараҷаи магистр, Идоракунии давлатӣ ва иҷтимоӣ – Аҳолӣ ва рушд

Собиқаи корӣ

Солҳои 2006 – 2009 – ИНДИГО Тоҷикистон, Менеҷери фурӯш

Соли 2010 – Мутахассис оид ба суғуртакунӣ дар ҶСДММ «Спитамен Суғурта»

Солҳои 2011 – 2013 Сардори Шуъбаи суғуртакунӣ дар ҶСДММ «Спитамен Суғурта»

Солҳои 2013 – 2014 – Менеҷер оид ба равобит дар Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТ» дар ҶТ

Соли 2014 – Сардори Департаменти суғуртакунии ҶДММ «Спитамен Суғурта»

Солҳои 2015 – 2016 – Директори ҶСДММ «Спитамен суғурта»

Моҳи июни соли 2016 – Аъзои Шӯрои мушоҳидакорони ҶСДММ «Спитамен Суғурта» интихоб шудааст.

Августи соли 2020 – январи соли 2024 — Лоиҳаи рушди иҷтимоӣ (PIU) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мутахассиси ҳамоҳангсозии грантҳо ва молия

Январ соли 2024 – январ соли 2025 – GFA ва HELVETAS Swiss Intercooperation дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиҳаи идоракунии захираҳои об, Ассистенти лоиҳа.

Январ соли 2025 – то ҳол – HELVETAS Swiss Intercooperation дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиҳаи идоракунии захираҳои обҳои зеризаминӣ, Мутахассиси масоили маъмурӣ ва молиявӣ